ВОКУНИШ. Дар тамоми ҷаҳон тайи чанд моҳи охир бемории сироятии коронавирус навъи COVID–19 паҳн гардидаасту сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Мутаассифона чихеле, ки ҳамагон огаҳ ҳастем, дар Тоҷикистони азизи мо низ ин бемории номбурдашуда рӯзи 30 апрели соли 2020 ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд.
Имрӯз мардум дар як вазъияти хеле ҳам ҳассос умр ба сар мебараду баъзе аз кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳони муосир, ки мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии гурӯҳу созмонҳои ифротӣ қарор гирифта буд, аз ин истифода бурда, бо шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар ҷилванамоӣ менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар сомонаҳои интернетӣ фейкҳои ин гуруҳҳо бисёр мавҷуд мебошад ва ҳамарӯза бо нашри маводҳои иғвоангез ба ҳиссиёти мардум бозӣ карда, мардумро (махсусан, ҷавононе, ки дар муҳоҷират қарор доранд) ба иғвоангезӣ роҳнамоӣ мекунанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, Тоҷикистони азизамонро ба харобазор табдил диҳанд.
Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваста буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.
Аммо, мутаассифона, чуноне ба назар мерасад, ки баъзе ҷавонони мо номи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ бадном сохта, бозичаи дасти гурӯҳҳое мегарданд, ки онҳо нооромии Ватани азизу маҳбуби моро мехоҳанд. Дар чунин ҳолат мо, мардуми кишвар набояд ба доми ин гуруӯҳои дасисабоз афтем, балки бояд сарҷамъу мутаҳҳид ва дастгири якдигар бошем.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд: “Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.
Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.
Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.
Як масъалаи муҳимро борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва аз риояи талаботи тозагиву беҳдоштӣ вобаста мебошад.
Дар навбати аввал зарур аст, ки тавсияҳои табибон, яъне тозагии дастҳо ва нигоҳ доштани фосила ҳангоми сӯҳбат ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми сайру гашт қатъиян риоя карда шаванд.
Такрор ҳам шавад, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизамро даъват мекунам, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчӣ бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.
Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳассос, мо бояд дасти якдигарро гирем, кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем”.
Мо ҷавонон он амалҳои хиёнаткоронаеро, ки дар сомонаҳои интернетӣ мардумро ба доми худ мекашанд, сахт маҳкум карда, дигар намехоҳем, ки боз ҳамон тохтутозҳои бемаънӣ, куштору сӯхтор, ҳамдигарбадбиниҳо ва иҷборан муҳоҷиршавии солҳои 90-уми қарни гузашта рух диҳанд. Барои мо ҷавонон осмони соф, иттиҳод, меҳнати озод, Сулҳу Ваҳдат зарур аст, на куштору ҳамдигарбадбиниҳои солҳои 90-уми қарни гузашта. Барои рушду нумуи Тоҷикистони азизамон имрӯзҳо ҷидду ҷаҳд намуда, сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Имрӯз мо Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосоро беш аз ҳарвақта дӯст дошта, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам мустаҳкам гардида, Ватанамонро аз ТТЭ ҲНИ ва таҳдиду амалҳои зишти онҳо эмин медорем.
Мо ҷавонони даврони Истиқлолият дигар намегузорем, ки ба хоки Ватанамон пойи нохалафе бирасад. Нақшавҳои хиёнаткоронаи гурӯҳҳои ТТЭ ҲНИ амалинашаванда буда, мардуми тоҷик ҳеҷ вақт онҳоро дастгирӣ намекунад.
Ҳамеша зинда бош, Тоҷикистони азизи ман!
Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён