КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат” Вобаста ба дастрас намудани варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Саломатии ҳар як шаҳрванди кишвар барои мо азиз аст” аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Зимни баргузории аксияи мазкур аз тарафи мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон тавсия дода шуд, ки бо мақсади пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) аз шумо ва наздиконатон хоҳиш карда мешавад, ки гигиенаи шахсиро риоя намоед: бештар дастонатонро бо собун шӯед, бо дастонатон руятонро нарасед, аз дастфишорӣ ва оғушгирӣ худро канор гиред, ашёҳои зуд-зуд истифодашавандаро бо маҳлули безараргардонӣ пок кунед. Дар рафти баргузории аксияи тарғиботӣ наздики 300 варақаҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ дастрас карда шуд.