Неши каҷдум на аз баҳри кин аст, балки табиати ӯ ҳам ин аст.
ВОКУНИШ. Гарчанде аз фирори Муҳиддин Кабири “сиёсатмадори барҷаста” панҷ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аз дур нигоҳ кардану неш задан даст накашидааст.
Фоҷиае, ки имрӯз ҷомеаи моро фаро гирифтааст, тамоми дунёро ба гирдоби худ кашида, беш аз 5 млн. нафар аҳолии Замин гирифтори бемории сироятии
навъи нави коронавирус гардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то расман эълон намудани аввалин нафарони гирифторон ба ин бемори аллакай дар байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро тарғиб менамуд.
Тӯли ин моҳҳое, ки дигар давлатҳо аллакай ба COVID-19 дучор гардида буданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари давлатҳои абарқудрат шаҳрвандони худро, махсусан, муҳоҷирони дар Федератсияи Руссия будагонро то ҳадди қудрат ба Ватан баргардонида истодааст.
Дар ин ҷо, махсусан, ёдовар шудан хостам, ки маҳз бо шарофати “Хизматҳои хирсонаи ” Муҳиддин Кабири ва хоҷагонаш, Тоҷикистони азиз ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, даҳсолаҳо иқтисодиёти Тоҷикистонро ба қафо партофта, раванди муҳоҷиратро ба миён овардааст.
Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, сиёсати дурусти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 28 сол тавонист тамоми мушкилиҳоро паси сар намуда, ба як кишвари пешрафтаву аз лиҳози кафолат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ба давлати амнтарин дар байни давлатҳои ИДМ табдил гардидааст. Барои тоҷикони ҳамсоякишварамон Афғонистон бояд, ки ҳамчун намунаи оқибати ҷудоандозии миллат набояд фаромӯш сохт.
Дар як давраи ҳассосе, ки кулли ҷаҳониён дар якҷоягӣ имрӯз барои рафъи бемории COVID-19 мубориза мебаранд, Муҳиддин Кабири дар бораи парешонии миллати тоҷик ҳарф мезанад. Ҳол он ки маҳз, дар ҳамин давра, дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омадани миллати тоҷик дар дастгириву дасти кӯмак дароз намудани тоҷикони бонангу номуси миллати тоҷик дар ҳама гӯшаву канори дунё инъикос мегардад.
На танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон низ муяссар нагардидааст, ки тамоми шаҳрвандонашро аз тамоми гушаву канори кишвар ҷамъ намуда ба ватанашон баргардонидааст.
Танҳо аз рӯи маълумотҳои расмии Федератсияи Руссия дар Ҳиндустон 20 ҳазор шаҳрвандон ҳангоми маҳкам шудани сарҳадҳо боз мондаанд. Масъалан, муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандон танҳо проблемаи Тоҷикистон набуда, ин раванд дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла, дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодиёт тараққиёткарда низ ба назар мерасад.
Сухангӯиҳои Муҳиддин Кабири сухангӯии шахсеро мемонад, ки бе ҷуз аз ҳасрат ва кинаву бухл дигар ҳеҷ ҳиссиёти инсонпарварона дар вуҷудаш намондааст.
Муҳиддин Кабири ба каждуми таги бурё мубаддал гардида, ҳар гоҳе аз одати неш задан даст намекашад.
Танҳо ва танҳо, маҳз бо ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳо баҳри пешгирӣ ва рафъи офати ба сари миллати тоҷик омада андешида шуда истодаанд.
Ворид шудан ва дастрас гардидани маводҳои зарурӣ, чӣ аз хориҷи кишвар ва чӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту муассисаҳо, вазоратҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар зоҳир намудани ғамхории Пешвои миллат ба кормандони соҳаи тиб, ки бо муолиҷаи беморони COVID-19 сару кор доранд, далели гуфтаҳост.
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабири гӯё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирони тоҷикро фаромӯш кардаву аз ҳоли онҳо хабардор нест. Баргардонидани 213 нафар шаҳрвандони тоҷик ва 28 нафар ҷисми шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷират вафот кардаанд, дар санаи 20-май тариқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ботил будани суханҳои ҳарҷогӯёнаи Муҳиддин Кабирист.
Кулфати ба сари тамоми ҷаҳон омадаро Муҳиддин Кабири ба нафъи худ истифода бурда, боз ҳам ва боз ҳам мардумро гумроҳ сохтан мехоҳад. Дар миллати рус гуфторе ҳаст:
На чужом горе счастье не построишь.
Аз бадбахтии касон истифода бурда, барои худ хушбахтӣ нашояд сохт!
Имрӯз тамоми мардуми тоҷики бонангу номус дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, бо истифода аз қудрату тавоноии худ саҳми худро дар мубориза бо бемории сироятии навъи нави коронавирус (COVID-19) гузошта истодааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар якҷоягӣ ин мушкилиро миллати тоҷик дар баробари дигар миллатҳо паси сар хоҳад кард.
Муҳидин Кабири мебояд, аз ҳамлу ғазаб лаби худро газида ба бӯҳтону туҳмати нав омодагӣ бинад.
М. Шарифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён