БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОНИ МАҲАЛЛИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар мубориза бар зидди бемории нави коронавирус  дар баробари муолиҷаи шаҳрвандон, инчунин, ҷиҳати пешгирии он тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад. Аз лаҳзае, ки бемории сироятии COVID-19 дар кишвари мо пайдо гардид, шаҳравандон ҷиҳати мубориза бар зидди ин бемории нави сироятӣ муттаҳид шуда, саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ, аъзои ҲХДТ Азизов Саймухтор ба маркази саломатии деҳаи Саъдуллои Шариф ва бунгоҳи тиббии деҳаи Восеободи хурд дар маҷмӯъ 2 либоси махсуси муҳофизатӣ, 50 сӯзандорӯ, 20 адад маҳлулҳои антисептикӣ, 1-фишорсанҷ, 40-адад дастпӯшак ва доруворӣ кӯмак карда шуд.   

         Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби вакили ҷавони маҳаллӣ мунтазам ба интихобкунандагон кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg