БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАК БА ТАБИБОНИ МАҲАЛЛӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои пешгирии паҳншавии бемории нави коронавирус тамоми масъулону мутасаддиён дар ноҳияи Восеъ мубориза бурда истодаанд. Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои ҲХДТ  Ғаффоров Сайдумар 200 адад дастпӯшаки махсуси тиббӣ ҳамчун  кӯмак ба табибони Маркази саломатии деҳаи Гулистон, Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ расонида шуд. Вакили маҳаллӣ барои иҷрои дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табибон ва мубориза бурдан бар зидди COVID-19 маротибаи сеюм аст, ки саҳми худро мегузорад.

         Бояд гуфт, ки дар ин давраи ҳассоси таърихӣ ҳар як нафари масъулро зарур аст, ки дар мубориза ба зидди COVID-19 саҳми худро гузошта, ҳамдиёрони худро аз ин беморӣ муҳофизат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg