БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛ ДАР АЁДАТИ МАЪЮБОН

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаи интихоботии №9 Каримова Робиямо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба фарорасии иди Саиди Фитр ба аёдати чанд тан аз ҷавонону наврасони маъюб, шахсони бемор рафта, кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонид.

Зимни вохӯриву суҳбатҳо бо ин нафарон, Робиямо Каримова онҳоро бо фарорасии иди Саиди Фитр табрику таҳният гуфта, тансиҳативу рузгори осударо таманно кард. – Имрӯз мо дар мубориза бо бемории коронавирус  қарор дорем. Аз ин рӯ, нақши ҳар яки мо дар бо мубориза бо он калон аст.  Моро лозим аст, ки ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва тавсияҳои табибонро риоя намуда, саломатии худ ва наздиконамонро ҳифз намоем, - гуфт Каримова Р.

Ҳамзамон, аз ҷониби вакили мазкур зиёда дар 8 биноҳои баландошёнаи истиқоматии маҳаллаи “Ҷалолиддини Балхӣ” корҳои безараргардонию дезинфексионӣ гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg