БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚСИМОТИ ВАРАҚАҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА БУРДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ НАЗДИ БАНКОМАТҲО

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои паҳншавии бемории COVID-19 ҷамъшавии одамон, риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ замина мегузорад. Ҷиҳати иттилоотнокии шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати зиддивирусии онҳо аз ҷониби мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ назди “банкомат”-ҳои кӯчаи И. Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия гузаронида шуд. Дар ин ҷойҳо, ки бештари шаҳрвандон барои гирифтани пулҳояшон дар навбат меистанд, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 дода шуд. Инчунин, таъкид карда шуд, ки аз ҳамдигар масофаи 2 метрро риоя намуда, ниқобҳои муҳофизатиро истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg