БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ МАВОДҲОИ ЗАРУРӢ БА ТАБИБОНИ ДЕҲОТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу вадат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кӯмаку дастгирӣ ба табибоне, ки дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемории коронавирус фаъолият менамоянд, вакилони ҷавони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Аз ҷониби аъзои ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Азизов Саймухтор ба духтурони бунгоҳи тиббии деҳаи Баҳористон 1-адад либоси махсуси муҳофизатӣ,  дастпӯшак, 15-адад маводи антисептикӣ, 1-адад асбоби тиббии санҷиши фишори бадан, доруворӣ ва дигар маводҳои тиббӣ дода шуд.   

Ҳангоми сӯҳбат бо кормандони бунгоҳи тиббӣ вакили маҳаллӣ таъкид дошт, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин вақти ҳасос бояд ҷиддӣ кор кунанд ва дар табобат ва муолиҷаи шаҳрвандон масъулияти баландро эҳсос намоянд.

Дар фарҷоми суҳбат аъзои ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Азизов Саймухтор ба духтурони бунгоҳи тиббии деҳаи Баҳористон, Ҷамоати деҳоти Гулистон ваъда дод, ки ҷиҳати таъмири бинои онҳо саҳми худро хоҳад гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg