БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОИДАҲОИ ТОЗАГИИ ХОНАВУ ЛАВОЗИМОТИ РӮЗГОРДОРИРО РИОЯ НАМУДАН ЗАРУР АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи А.Синои ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон баргузор намуда истодаанд.

Дар вохӯрӣ Ситамова Роҳила ва Ибодов Диловар ба сокинон сӯҳбат ороста, дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти муфассал доданд. Дар рафти сӯҳбат ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ дода шуда, таъкид гардид, ки ба риояи гигиенаи шахсӣ диққати асосӣ дода шуда, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg