ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои корҳои оммафаҳмонӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки аъзои гурӯҳи волонтёрон дар саҳро ҳангоми ба кор машғул будани шаҳрвандон сӯҳбат оростанд. Ҳангоми суҳбат ба ҳар як мусоҳиб риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, бе зарурият истифода набурдани доруҳои зиддивирусӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ таъкид гардида, дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди захираи маводи хӯрокворӣ расонида шуд.
Инчунин, ба ҳар як мусоҳиб варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории “COVID-19” ва самаранок истифода бурдани заминҳо тақсим карда шуд.