БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШВИҚУ ТАРҒИБ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ТИББИИ АҲОЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рӯзи 21 майи соли 2020 кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар кӯчаҳои Муҳаммадиев ва “Крупская”-и Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳия корҳои таблиғотиро бо усули “Хона ба хона” ба роҳ монданд. Намояндагон бо аҳли оилаи шаҳрвандон дар бораи муборизаи дастаҷамъона бурдан алайҳи бемории сироятии  коронавирус, ки айни замон дар кишвари мо нуфӯз дорад, инчунин, оид ба истифодаи самараноки заминҳои корами обӣ аз қабили заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии шаҳрвандон сӯҳбату вохӯриҳои судманд гузаронида, ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид доданд.  

     Масъулин аз КИ ҲХДТ дар ноҳия бо мардум оид ба риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи маводҳои безарраргардонӣ, аз ҷумла маҳлулҳои гуногуни хлор, ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, аз ахлотҳо ва партовҳо доимо тоза кардани ҳавлиҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо, ҳамчунин оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.  

      Дар раванди амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардум, намояндагон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирусро ба  оилаҳои шаҳрвандон дастрас намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg