ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ ва нигоҳдории саломатии бадан кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун санаи 21 майи соли 2020 дар маҳаллаи И. Сомонӣ бо усули фаҳмондадиҳии "Хона ба хона" сокинонро аз вазъияти мубориза алайҳи бемории сироятии COVID-19 тарғиб намуда, ҳамзамон маводҳои иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии хавфнок миёни сокинон тақсим карданд. Инчунин, мувофиқи муроҷиатномаи ҲХДТ, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ дар оила, шустани дастон бо собун баъди анҷоми кор ё ба чизе расонидани даст, тоза нигоҳ доштани манзили зист, худдорӣ намудан аз суҳбати дурудароз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сафари роҳи дур аз деҳа ба деҳа дар ҳолати нолозим будан ва истифода бурдани ниқоб ва дастпӯшак тавсияҳои манфиатбор доданд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)