БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи иди шарифи Рамазон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Саймумин Бобоназаров, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҷобир амали хайрхоҳонаеро ба анҷом расонид. Ӯ дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нафар беморони бистарӣ ва оилаҳои ниёзманди деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт маводи озуқа аз қабили орд, равған ва пиёз кӯмак намуд. Онҳое, ки аз дастгирии вакил Саймумин Бобоназаров баҳраёб гардиданд, дар ҳаққаш дуои нек намуданд.

         Итминони комил дорем, ки дигар вакилон ҳам дар пайравии иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба  ин кори хайр зада, оилаҳои ниёзмандро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg