ХОВАЛИНГ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рӯзи 21 майи соли равон гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба соҳибхонаҳои деҳаи Мазори Султони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт оиди роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳони наздиҳавлигӣ, дигар заминҳои дар ихтиёридоштаашон ва аз он ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар асоси аксияи таблиғотии “Хона ба хона” суҳбат гузарониданд. Онҳо дар ин рӯз тавонистан ба бештар аз 63 нафар соҳибхонаҳо суҳбати индивидуалӣ гузаронида, аз ҳолати истифодабарии заминҳояшон дидан намоянд.
Ба иштирокчиёни суҳбатҳо дар охир варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои хайриявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дастрас карда шуд.