ХОВАЛИНГ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рӯзи 21 майи соли ҷорӣ ба сокинони кӯчаи ба номи Шамсиддин Шоҳин бо тариқи ”Хона ба хона” суҳбат доир намуда, ба онҳо дар бораи истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд. Боздид аз заминҳои наздиҳавлигии 67 сокини кӯча нишон дод, ки истиқоматкунандагони он аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон самаранок истифода менамоянд.
Дар ин рӯз, дар назди ягон ҳавлӣ замини шудгорнакардаю истифоданашуда ба чашм нарасид.
Сокинони кӯча дар заминҳои худ пиёз, картошка, лубиёгиҳо, сабзавот, полезиҳо кишт ва парвариш намуда, ният доранд, ки баъди ҷамъоварии картошка, лубиё ва сабзавот дар ҷойи онҳо кишти такрорӣ гузаронида, ду ҳосил ба даст биёранд.