БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОМАДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ҚИССАИ “САГИ КУЛОЛГАР” – РО БА ХОТИР МЕОВАРАД

ВОКУНИШ. Баъди шунидани баромади яке аз душманони миллат, ки зӯр зада - зӯр зада аз номи муҳоҷирони меҳнатӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони давлатро барои муҳоҷир шудани онҳо танқид менамуд, қиссаи “Саги кӯлолгар” ба хотирам омад. Он лақӣ номашро нагуфт, вагарна қиссаро бо номи ӯ нақл менамудам. Ба ҳар ҳол онро нақл мекунам, зеро он як қиссаи пандомӯз аст. Шояд баъди он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамтабақони Паймони миллии дурӯғинаш дигар худро саги кӯлолгар накунанд. Акнун қиссаро бо диққат гӯш кунед. Қисса чунин аст:

        Гурги гушнае барои дарёфти луқма ба деҳа медарояд. Дар ҳамин ҳол сагҳо аз омадани гург бохабар гардида, онро думболагир мекунанд. Гург бо як азоб аз сагҳо халос хӯрда, ба баландие баромада, аз ҳар кадоми онҳо саги кӣ буданашонро мепурсад.    

  • Ту саги кӣ ҳастӣ?
  •  Саги даҳмарда.
  • Ту ҳақ дорӣ, ки манро думболагирӣ кунӣ, зеро ман гӯсфандони соҳиби туро хӯрдаам.

     Ҳамин тавр, аз саги подабон, галабон суол мекунад ва мегӯяд, ки барои думболагир карданаш ҳақ доранд. Зеро ба подаю галаи соҳибони онҳо зарараш расидааст.

       Навбат ба саге расид, ки дар ҳамонҷо ҳам аз ҷакидан намонда буд.

         Гург аз ӯ пурсид:

  • Ту саги кистӣ?
  • Ман саги кӯлолгар.

        Гург гуфт:

  • Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки маро думболагирӣ кунӣ?
  • Ман кӯлолҳои соҳиби туро нахӯрдаам, -ку?

        Имрӯз ҳамин саволи гургро ба аъзоёни дурӯғини бо ном Паймони миллӣ медиҳем.

        Ба шумо кӣ ҳақу ҳуқуқ додааст, ки аз номи муҳоҷири тоҷик ва аз номи миллат гап занед? Шумо барои муҳоҷирон ва миллат чӣ кори манфиатбахше кардаед, ки имрӯз худро “ширин” карда, аз номи онҳо сухан кунед ва аз номи онҳо нисбати роҳбарони давлат суханони таҳқиромез бигӯед?  Ҳол он ки муҳоҷирон ва дигар сокинони миллат, ки нисбати заҳмату меҳнати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба ин рӯзҳои пурсаодат эҳтироми хоса доранд, ба ин пуштибонии шумо, ки дар паси он ғаразҳои шахсиатон пинҳон аст, эҳтиёҷ надоранд. Оё  танҳо тоҷикон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд? Дигар миллатҳо дар ватанашон ба ҷойи кор таъминанд? Мо хуб медонем, ки муҳоҷирати меҳнатӣ тақозои давру замон аст ва дар ҳама давлатҳои ҷаҳон муҳоҷират дида мешавад.  

         Гумон накунед, ки  мардуми Тоҷикистон,  ҷанги шаҳрвадиеро, ки шумо барангехтеду аз оқибати амалатон тарсида дума хода карда, аз Ватан бе Ватан гаштед, фаромӯш кардаанд? Гумон ҳам накунед, ки бо лақидан дасти ба хуни ҳазорҳо одамони бегуноҳ олудаи худро мешӯед. Ин амри муҳол аст.  Шумо имрӯз ҳамон амали саги кӯлолгарро иҷро мекунед, ки ба он ҳақ надоред.

        Халилзода С. Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg