БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАБУЛИ ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТАБИБОН ВА ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРӢ

ХОВАЛИНГ.  Рӯзи 20 майи соли ҷорӣ туҳфаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табибон ва шахсони бемор, ки аз доруворӣ ва маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ  ва дигарҳо иборат буд, ба ноҳия ворид карда шуд. Корвони хайрияро раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Халилзода Сафар Хоҷа, кормандони соҳаи тиб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо истиқбол намуданд.  

         Ҳамагон аз  ин дастгирии навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ ва боварӣ намуданд, ки  таҳти роҳбарии Пешвои миллат ва бо дастгирии ҳамдигар бемории хавфноки коронавирус дар муддати кӯтоҳ аз сари мардум дур карда мешавад.

       Боварӣ дорем, ки тӯҳфаи хайриявии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳое, ки ба гирифтани он зарурат ва эҳтиёҷ доранд,  мерасад.     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg