ҲАМАДОНӢ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бегоҳӣ 20 уми майи соли 2020 кумаки башардустонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба бемории сироятии коронавирус ба табибон ва беморони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки иборат аз 7 мошини пурбор аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буд, расонида шуд.
Кӯмаки башардӯстона дар назди беморхонаи марказӣ аз тарафи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, табибон ва сокинони шаҳраки Москва истиқбол гирифта шуд.
Аз иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тамоми мушкилиҳо дар паҳлуи халқ мебошанд ва ғамхории худро дареғ намедоранд, мардуми ноҳия изҳори сипос намуда, сиёсати созандаву бунёдкорона ва ғамхоронаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри гулгулшукуфию ободии Ватан меҳнати софдилона менамоянд.