ЛЕВАКАНТ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чиҳати корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии раванди корҳои баҳорӣ дар махал, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант дар чамоати дехоти «Гулистон» бо усули “Хона ба хона” бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин маврид, масъулин дар суҳбат бо сокинон нисбати корҳои ободонии гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, созандагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии касалиҳои сироятӣ, ба овозаву дасисаҳои бардурӯғ бовар накардан ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.