БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО- ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

АНДЕША. Мо ҷавонон ба хусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як сарвари дилсузу ғамхор дорем ва ифтихорманд аз онем, ки ҷавонони саодатманди кишвар ва  созовори боварии боэътимоди Пешвои миллат гардидаем. 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд, ки аксарияти аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии хеш таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои  давлату миллат мебошанд.

    Мо бояд ба қадри ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумӯи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем. Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рузи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

   Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба  ҷавонон  гувоҳӣ медиҳад.  Мо ҷавонон хушнуд аз он ҳастем, ки  ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон руз то руз зиёд гардида истодааст.

   Шароити беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омузишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам шудааст, ки мо ҷавонон илм омӯзему баҳри ин ватани азизамон хизмати шоиста ба ҷо орем. Мо ҷавонон имкон дорем, ки  дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё хориҷ таҳсили илм намоем.

   Ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандустии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш интихоб намуда масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рузафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои сазандаю бунёдкорона фоъолияти хешро равона месозем.

    Бо истифода аз фурсати муносиби кулли ҷавонони Тоҷикистонро бо иди ҷавонон табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳар як фарди ҷовони тоҷик ба қуллаҳои муроди хеш бирасад ва давомдиҳандаи кору пайкори Пешвои миллат бошанд.

Ҷумаев Алиҷон Ҳ., мудири бахши ҷавонони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg