ДӮСТӢ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ барои дар амал татбиқ гардидани риояи дурусти пешгирӣ аз бемории COVID-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинони деҳаи Қубодиён бо усули «Хона ба хона» гашта, варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадӣ гузарониданд.