БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРӮҲИ ИХТИЁРИЁНИ НАЗДИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ. Дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи А.Авазов гурӯҳи ихтиёриёни назди КИ ҲХДТ аз руи усули “Хона ба хона” бо шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии “коронавирус” ва самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сӯҳбату мулоқотҳо гузарониданд. Дар ин корҳои оммафаҳмонӣ ба ҳамсӯҳбатон варақаҳои иттилоотӣ тақсим ва тарзи риоияи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ таъкид карда шуд.

         Инчунин, гурӯҳи ихтиёриёни назди КИ ҲХДТ ба 10 нафар шаҳрвандоне, ки ниқоби муҳофизатӣ надоштанд, ройгон тақдим намуданд.

         Дар баробари иҷрои корҳои оммафаҳмонии гурӯҳи ихтиёриёни назди КИ ҲХДТ дар ноҳия нақлиёти таблиғотӣ тариқи баландгӯяк шаҳрвандонро ба бемории сироятии “коронавирус” маълумот дода, таъкид карданд, ки бе зарурият ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg