БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР САРҶАМЪӢ МО МЕТАВОНЕМ ҒАЛАБАРО БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 БА ДАСТ ОРЕМ!

АНДЕША. Вақте ки тамоми башарият аз паҳншавӣ ва хатари бемории даҳшатовари “коронавирус” азият мекашад ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба нишонаҳои поёнӣ расид, барои ҳар як нафар дарси ибрат мебошад. Яъне, душмани ноаён дар шакли вирус ба тамоми кураи Замин таҳдид карда истодааст. Дар ин ҷода, ман фикр мекунам, ки танқидгар ва ё мунақид лозим нест. Зеро ин мушкилӣ дар тамоми ҷаҳон маълум аст ва зиёни худро расонида истодааст. Албатта, ин таҳавуллот боиси нигаронӣ буда, башариятро зарур аст, ки алайҳи ин беморӣ муттаҳид шуда, онро аз рӯи замин нест кунанд ё ин ки даъвояшро ёбанд. Барои мубориза бар ин навъи бемории сироятӣ сарҷамъӣ ва истифодаи усулҳои нав шарт ва зарур аст. Ин беморӣ шакли нави вирусе мебошад, ки  аз лиҳози густариш дар муддати кӯтоҳ дар саросари ҷаҳон худро муаррифӣ карда тавонист. Яъне, мо душмане дорем ноаён ва аз лиҳози силоҳ мусаллаҳ бо тамоми аслиҳаҳои ҳарбӣ. Бо ин душман айни ҳол мо дар набардем, ғалабаро дар он сурат ба даст меорем, ки тамоми шаҳрвандон дар сарҷамъӣ бошанду қоидаҳои оддии гигиениро риоя намоянд. Дар ин муддате, ки тамоми ҷомеаи башарӣ эҳтиёҷот ба доруворӣ ва дигар маводҳои ғизоӣ дорад, нафаре аз дур истода камбудӣ ҷӯяд, нишонаи ноҷавонмардӣ мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд дар набард бо ин вируси даҳшатнок саҳми худро гузорад. Ба ҳадди аққал дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон таъкид намоянд, ки масофаи зиёда аз 2 метрро риоя намоянд.

Тамоми кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои корҳои оммафаҳмонӣ, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ вазифадор гардида, масъулияти худро ба ҷо меоранд. Аммо баъзан нафарон аз хориҷи кишвар истода худро ҳомӣ ва маслиҳатгар нишон доданӣ мешаванд. Мардум дар мушкилтарин вақт ҳис мекунад, ки дар бараш кӣ аст. Вақте ки дар расонаҳои интернетии худ гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ ва роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари мо сухан меронад ва ба танқид сухан мегӯяд, ҳар як бинандаро нафраташ меояд. Зеро Муҳиддин Кабирӣ замоне дар кишвари мо ҳамчун роҳбари ҳизбе фаъолият дошт, ба ғайр аз пиёда сохтани манфиатҳои худ ва хоҷагонаш дигар ягон зарра кори хайру сахоро ба ҷо наовардааст. Фаъолияти террористӣ ва экстремистии ӯро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян намуда, ӯ дар ҳол ба хориҷи кишвар фирор намуд. Дар ин рӯзҳо аз кӯчактарин мушкилот ҳодиса тарошида чеҳраи манфури худро вонамуд карданӣ мешавад. Лек дар асл мардум медонад, ки ӯ хоин  аст ва мемонад.

Мардуми Тоҷикистон бо иродаи қави ва бо сарзамини бояш аз ҳама мушкилот мебарояд. Мо дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонем мушкилоти мавҷударо ҳал намоем, чуноне ки дар солҳои 90-уми асри ХХ аз давлати абарқудрати Шӯравӣ осоре намонда буд, бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлат шудем ва иқтисодиёти худро ба по хезондем. Ҳазор маротиба шукргузорӣ мекунам, ки дар ин шароит имрӯз тамоми соҳибкорону имкониятдоштагон дасти сахо ба табибону оилаҳои ниёзманд дароз карда, ҷиҳати беҳдошти вазъи зиндагии мардум саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Сафар Ҳ.Р., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg