БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИД ДАР МУҲИТИ ОИЛА

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Бохтар аксияеро таҳти унвони “Ид дар муҳити оила” ташкил карданд, ки ҳадафи он бори дигар ба мардум расонидани муҳимияти таҷлили Иди саиди фитр (24-уми май) дар муҳити оила мебошад.
Дар иҷрои ташаббуси мазкур кормандону волонтёрони ҳар ду ниҳод ба хотири пешгирии бемории коронавирус дар такя ба қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудани ин иқдомро зимни вохӯрӣ ба сокинон таъкид доштанд. Аз ҷумла, ёдрас шуданд, ки намози идро дар манзили худ баргузор кунанд ва аз сайругашти идона худдорӣ намоянд. Таъкид карданд, ки риоя накардани талаботи мазкур метавонад ба хурӯҷи бемории сироятии коронавирус боис гардад.
Дар ин радиф таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва тадобири паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр бояд ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси кумак ба беморони COVID-19 дода шавад.
Ташкилкунандагон дар доираи ин чорабинӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карданд, ки мавзӯи мазкур дар он шарҳ ёфта буд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg