БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ЗИНДАГӢ ХУШБИН БОШЕД!

Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Рӯзи ҷавонон ва арафаи Иди саиди фитр ба аёдати даҳ нафар ҷавони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд рафта, аз аҳволашон бохабар шуданд. Онҳо чор нафар истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, се нафар аз шаҳри Левакант ва се нафар аз ноҳияи Кӯшониён мебошанд. Дар ин баробар ба ин ҷавонон аз ҷониби кумитаи иҷроия кумаки хоксоронае, аз қабили маводи аввалияи хӯрока расонида шуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло бо ҷавонон суҳбат карда, бо шароити зиндагии онҳо шинос гардид. Ӯ дар суҳбат бо эшон аз ҷумла иброз дошт, ки Шумо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нестед, зеро Роҳбари оқилу ғамхоре дорем, ки дастгирии шуморо дар ҳар баромадашон доиман таъкид мекунанд. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии шуморо аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Ҳамеша ба зиндагӣ дилгарм ва хушбин бошед! Дар оянда мо – масъулони кумитаи иҷроияи ҳизб кӯшиш мекунем, ки пайваста аз ҳолу аҳволатон бохабар гардем”, – афзуд Дилафрӯзи Абдулло.
Дар ин баробар ҷавонон аз таваҷҷуҳи ҳизбиёни вилоят хушнуд гардида, миннатдории хуро баён доштанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg