БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА. ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Ҳамдиёрони азиз!

Ҷавонони муҳтарам!

Ҷавонон неруи бузурги ҷомеа буда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ташаккул ва рушди давлати ҷавони Тоҷикистон саҳми хеле бузургу муассир гузоштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати давлатӣ мақоми ин  қишри ҷомеаро хеле муҳим донистанд ва аз ин ҳисоб сол то сол саҳми ҷавонон дар пешрафт ва ободии Ватан, шинохти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувортар касб менамояд.   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти олии мамлакат ҳамеша то имрӯз нисбат ба дастгирии ҷавонон дар самти омӯзиши касбу ҳунар, фароҳам овардани шароити таҳсилу кор, дастгирии кадрҳои роҳбарикунанда ва дигар дастгириҳои марбут ба ҷавонон  таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда истодаанд. 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ҳамеша такя ба неруи ҷавонон дорад. Аз ин лиҳоз, аксари кормандони сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби ҷавонони фаъол мебошанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ ҳизби ҷавон аст, ҳамсон бо қувваи ҷавонон барномаҳои мақсадноки хешро бо неруи тоза амалӣ карда, дастовардҳои назаррасеро соҳиб гашт ва мақоми волоеро низ касб кард. Боварӣ дорем, ки ҳизбиёни ҷавони вилояти Хатлон минбаъд низ содиқона меҳнат карда, асолати ватандориро ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд.  

Лозим  ба зикр аст, ки хурӯҷи бемории коронавирус имрӯзҳо боиси ташвиши кулли ҷомеаи ҷаҳон, бахусус Тоҷикистони мо гардидааст. Дар самти муқовимат бо ин зуҳурот ҳизбиёни ҷавони хатлонӣ саҳми хеле бузург гузошта истодаанд. Дар қатори кормандони ҷавони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят, гурӯҳи волонтёрон, ки аз ҳисоби ҷавонони фаъол ташкил гаштааст, шабонарӯзӣ дар хизмати мардуми ниёзманд қарор доранд ва дар ин баробар ҳамарӯза даҳҳо аксия бо иштироки онҳо баргузор карда мешавад.  

 

Ҷавонони гиромӣ!

Муттаассифона, дар баробари хурӯҷи бемории коронавирус бо истифода аз фурсати барои худ муносиб гурӯҳҳои манфиатҷӯву хоин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои таҳиякардаи худро пешниҳод карда, роҳгум кардани ҷавонон, бахусус ҷавонони муҳоҷирро аз ҳадафҳои худ медонанд ва бад-ин васила мехоҳанд, ки ҳадафҳои сиёсии дигари худро, ки паёмади онҳо норомии ҷомеа ва дигар ҳолатҳои даҳшатафкан мебошад, амалӣ кунанд. Аммо ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони огаҳу зираканд. Онҳо ғурури миллӣ, пешрафту ободии меҳан, ворисии арзанда аз ниёгони хешро дар ҷойи аввал гузошта, пуштибон ва тарғибгари сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

 

Ҷавонони азиз!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар пешбурди фаъолияти минбаъдаи хеш низ такя ба қудрату тавон ва идеяҳои ҷавонон дошта, дастгирӣ аз онҳоро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад. Ва бо истифода аз фурсати муносиб шумо – ҷавонони бонангу ори вилояти Хатлон ва дар умум кулли ҷавонони мамлакатро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо тандурустӣ, барору муваффақият ва рӯзгори босаодат таманно дорам!   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg