БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН – ҲАДАФИ АСОСИИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

АНДЕША. Дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар ҷумҳурӣ созмону ҳаракатҳои гуногуни ҷавонон арзи ҳастӣ намуда, ба фаъолият пардохтанд. Ҳар кадоме аз онҳо дар доираи шароиту имкониятҳои хеш дар баробари мақомоти давлатӣ дар ҳаллу фасли масоили рӯзмарраи ҷомеаи мамлакат корҳои неку шоистаеро амалӣ намудаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз ҷумлаи ташкилотҳое ба ҳисоб меравад, ки мутобиқи ҳадафҳои оинномавиаш миёни ҷавонони мамлакат дар ҳама самту соҳаҳои ҳаёт корҳои муфиду арзандаеро амалӣ намуда истодааст. Инро фаъолияти панҷсолаи ташкилот собит менамояд. Яке аз фаъолиятҳои асосии ташкилот баҳри амалӣ гардидани вазифаҳое, ки ба тарбияи ватандӯстию худшиносии насли наврас ва ҷавонони кишвар нигаронида шудааст, мебошад. Дар замони ҳассосу пурэъҷоз ва имрӯза насли наврасро бо суханон ва далелу бурҳони оддию фаҳмо ва ҳаётӣ аз боби  Ватану ватанпарастӣ, қадру қимати Ватан, аҳамияту муҳимияти он дар ҳаёти ҳар як шахс ва муқаддасоти он тарбия намудан мебояд.

Ватандӯстӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин масъаларо гаштаю баргашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Месазад, ки нуктаеро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахш ёдовар шавем, ки иброз намуда буданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, хисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад». Пешвои миллат ба мо тавсия ва супоришоти муайяну мушаххас додааст то дар масоили зикргардида кору фаъолият, пажӯҳишу омӯзишро бештар намоем ва маъниҳои нобу муассир ба насли наврас бирасонем. Онҳоро чунон тарбия намоем, ки шаҳрвандон ва ватанпарастони асил ба воя бирасанд.

Пешвои миллат барои инкишофу таҳкими бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон иқдомҳои наҷибу мушаххас намуда, ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро дар амал пиёда месозанд. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон маҳз бо ибтикори Сарвари давлат таҳия ва қабул гардид ва он тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро фаро гирифтааст. Ташаббуси Сарвари давлат дар хусуси ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҷудо намудани лоиҳаҳои махсуси грантӣ дар бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон боз як иқдоми неке гардид, ки ин масъаларо ба сатҳи хеле баланд бардошт.

Аз ин лиҳоз, мо, махсусан ҷавонони бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадру эҳтироми дастоварди бебаҳои таърихии худ расида, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм  ҳифз намоем.

Асоев Олимбек, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg