БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ НАВЪИ "COVID-19" КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо сокинони деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо усули "хона ба хона" корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба пешгирӣ аз бемории хатарноки сироятии короновирус роҳандозӣ намуда, зимни вохӯриҳо иброз доштанд, ки вазифаи асосии ҳар як шахс аз он иборат аст, ки дар роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он мубориза бурда, атрофиёнро низ аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.

Дар натиҷаи вохӯриҳо муайян гардид, ки аксари шаҳрвандон доир ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ маълумот доранд, вале онро чандон ҷиддӣ қабул надоранд. Бо ин мақсад масъулин ҳангоми суҳбати фардӣ пайваста таъкид месозанд, ки ин беморӣ хавфнок буда, моро зарур аст нисбати он беэҳтиётӣ накарда талаботҳои заруриро риоя намоем. Дар рафти чорабинӣ барои гирифтани маълумоти бештар вобаста ба пешгирии ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин ба оилаҳои эҳтиёҷманд бошад ниқоби муҳофизатӣ аз ҷониби волонтёрони ТҶҶ "Созандагони Ватан" дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg