БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ КИШВАР ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  пайравӣ   аз сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  тоҷикистон, Раис  муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  мавриди  расонидани  кумаки  моддиву молиявӣ  ҷиҳати  пешгирии  бемории коронавирус  ва  табобати  мубталоёни  он  аз ҷониби Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  ба табибону кормандони  Беморхонаи  марказии  ноҳияи  дурдасти   Носири  Хусрав  20 адад   либоси муҳофизатии  тиббӣ,  миқдори  зарурии ниқобҳо, маводҳои  антисептикӣ  ва маҳсулоти  хӯрока,  аз  қабили  пиёз, картошка,  равғани растанӣ  кумак  расонида шуд.

Зимни супоридани  кумакҳо  муовини  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар вилояти  Хатлон Дилафрӯзи  Абдулло  таъкид кард, ки  саломатии  ҳар  як  шаҳрванди кишвар   дар  маркази  диққати  ҲХДТ  қарор  дошта, корҳои  безараргардонӣ,  сари  вақт  бартараф  кардани   пайдоиши  беморӣ ва табобати   беморон  чораҳои  зарурӣ  андешида  мешаванд.  Бо  табибону   хешону  пайвандони  беморон суҳбат  намуда,  ба   онҳо  риоя  кардани  талаботи  тарзи  ҳаёти  солимро  фаҳмонид ва аз  дастгириҳои  пайвастаи  Ҳукумати  мамлакат ёдовар  шуда, ҳамаро  ба  сабру таҳаммул  ва  сарҷаъмию мубориза  бо  беморӣ   даъват  кард.  

Сипас, дар  якҷоягӣ  бо  ихиёриён  (волонтёрон)-и  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ба  сокинони  маркази  ноҳия  ниқобҳои  муҳофизатӣ,   маводҳои таблиғотӣ ва Муроҷиатномаи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон оид ба  пешгирӣ  ва  риояи  қоидаҳои  гигиенӣ   дастрас  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg