БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ МО АЗИЗ АСТ

ХУРОСОН. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Имрӯзҳо, ки  тамоми  шаҳрвандони  ҷаҳон аз асари бемории сироятии COVID-19 ранҷ мебаранд,  баҳри пешгирӣ аз паҳншавии  ин бемории хатарнок  ҳамарӯза  чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ин раванд давлати ҷавону   соҳибистиқлоли мо низ  дар қатори дигар давлатҳои дунё  бо ин бемории сироятии коронавирус  рӯ ба рӯ гашта, аз ҷониби Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон,  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешида  мешавад.  Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ  аз ин беморӣ қоидаҳои тарзи дурусти пешгирӣ ё муолиҷаро истифода карда,  ин бемории сироятиро о паси сар намоем. Бо ҳамин  мақсад  чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”-ро  кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи   Хуросон дар деҳаи Субҳи ноҳия бо тақсимоти ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ ва бо тавсияю пешниҳодҳо доир ба пешгирии беморӣ ва холӣ намондани  заминҳои наздиҳавлигӣ  анҷом  доданд.                      

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg