ФАРХОР. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавируси COVID-19 ва ҳамзамон ба дарки сокинон расонидани аҳмияти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳаи Қалъаи Пучқоқи деҳоти Дарқад бо усули «хона ба хона» бо сардорони оилаҳо суҳбатҳо баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан, коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (иммунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд. Ҳамчунин дар бораи тез - тез шустани дастон бо собун, риояи ҳатмии дигар қоидаҳое, ки Вазорати тандурустӣ тавсия кардааст, ибрози андеша намуда, ба онҳо ниқобҳои тиббӣ ва варақа - таъкидҳоро дастрас намуданд.
Инчунин, дар масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ масъулин тавсияҳо доданд.