ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ барои дар амал татбиқ гардидани риояи дурусти пешгирӣ аз бемории COVID-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмурод бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба сокинон дар бораи масъалаҳои мазкур варақаҳои таблиғотиро дастрас намуданд.