ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ба бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳаи Роҳи Нав корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.