БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН-УМЕДУ ОЯНДАИ ДАВЛАТ

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд.Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст.    Эмомалӣ Раҳмон 

                                                                                                                                                       

АНДЕША. Тоҷикистон аз зумраи он давлатҳоест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд.Ҷавонон нерӯ ва тавоноии бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб мешаванд. Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд.

Оре, ҷавонӣ маҷроест пуртуғён, хаёлест пур аз шодиву фараҳ, лабрез аз розу ниёз, меҳру муҳаббат ва орзуву нишоти ширин. Дар ҷавонӣ илм омӯхтан ҳамчун нақшест бар рӯи санг гузошта, ки бардавому устувор хоҳад монд. Ин гуфтаҳоро аксари ҷавоно­ни кишвар дарк карда, бар он мекӯшанд, ки дар даргоҳи илму маърифат аз илмҳои муосири замона бештар бархӯрдор шуда, дар амал татбиқ намоянд. Ба омӯзиши илму дониш майл кардани ҷавонон далели он аст, ки онҳо хуб дарк кардаанд, ки шахси боилму бомаърифат дар ҳама ҷо соҳиби иззату икром аст ва чун хуршедест, ки атрофиёнро бо нури маърифат гармӣ мебахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба  ташақкули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷа­вонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Мутафаккири барҷаста Ҳусайн Воизи Кошифӣ чунин зикр намудааст: «Омӯхтани илм, махсусан пайвастагии илму амал муҳимтарин рукни ахлоқиву фалсафавии ҷавонмардон аст». Ҳатто дар боби ҷавонию ҷавонмардӣ дар ҳадисҳои набавӣ низ гуфтаҳои хеле пурмазмун оварда шудаанд. Роҷеъ ба моҳияти давраҳои ҷавонӣ ва неъматҳои худовандӣ панду ҳикматҳои арзишманд басо фаровонанд. Чунончи, донишманде перомуни ин мавзуъ фармуда: «Неруи ҷавонӣ неъматест, ки бар ҳама як бор хадя шудаасту он тарбият пазирад».

Воқеан ҳам, пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкории эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷи калон дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, ба­рои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона кунем. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷа­вонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ягон натиҷаи назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст. Ғайр аз ин, насли ҷавони кишвар дар амалисозии табаддулоти иҷтимоӣ, таъмини инкишофи иқтисодӣ ва рушди техникии мамлакат манбаи асосии инсониро ташкил намуда, неруи эҷодӣ, қувваю тавон ва зиракии онҳо дар таъмини инкишофи устувори ҷомеа аҳамияти бузург ва ҳалкунанда дорад.

Тибки маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад, шахсони синнашон то 30 сола 70% аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи  наздик  дар  идоракунии давлати мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорад. Ана ҳамин 70% аҳолӣ дар муқобили қисми боқимонда ҳа­меша нақши ҳалкунандаро мебозад. Бо ин нерӯи бузург фаро гирифтани ҷомеа ҳалли мушкилоти он ва истифодаи  оқилона аз ин натиҷаи стратегии миллӣ  баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст. Агар давлати  мо аз назари иҷтимоӣ яке аз давлатҳои ҷавон маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама, мушкилоти ҷавононро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи  Тоҷикистон арзёбӣ намоем.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо кӯшиши аҳолӣ дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инки­шофи кишвар маҳсуб ме­гардад. Ташаккул ва боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб мегардад. Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар манотиқи олам ба вукуъ мепайвандад, баҳои воқеъбинона дода, мавқеи худро дар он дақиқ муайян намоем. Хушбахтона, имрӯзҳо дар партави  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат устодони ботаҷриба  дарсҳои сиёсиро дар байни донишҷӯён мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандустӣ ва бедор намудани  ҳуввияти миллӣ дар байни ҷаво­нон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

Ҳамин тариқ, бамаврид аст, бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебо­шанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард, чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш ҷавононро ояндаи миллат медонанд, ки ин моро водор месозад то бо маърифату ҷаҳонбинии васеъ баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат саъй на­моем. Маҳз ин аст, ки мо пайгири суханҳои Сарвари давлат ҳастем. Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистони азизамонро гулгулшукуфон на­муда, аз пешрафти илму техника баҳравар шавем, мисли давлатҳои абарқудрат пешсаф бошем. Бояд ҳар яки мо ҷавонон пайваста аз паи дарёфти илму дониш ва амали неку росткорӣ қарор дошта бошем, зеро ояндаи кишвари маҳбубамон дар дасти мо ҷавонон аст.

Гуфтан бамаврид аст, ки  имрӯз мо  насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати кишвар, бахусус  Пешвои миллат, Президенти кишвар нисбати мо ҷавонон дорад,  ҷавобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан-Модар ва ҷомеаи азизамон та­лаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо неруи созандаву бунёдкор паи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло бардорем.

Камолиддинзода Ҷомӣ Камолиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот  ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg