БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ  намудани бемории сироятии короновирус ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин  ҳамарӯза миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд  аз ҷониби  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  доир гашта истодааст.

Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Туркои  Ҷамоати деҳоти Балҷувон  миёни сокинон бо усули «хона ба хона» сурат гирифта, сатҳи огоҳии мардумро ба ин восита баланд гардонида, аз тарафи шахсони масъул ба саъми онҳо расонида мешавад, ки онҳо ба таҳлука  наафтида барои зиндагии шоиста  даҳчанд меҳнат намоянд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки ин беморӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар рӯӣ дунё ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки бо иродаи қавӣ ва имони комил бар зидди ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мубориза бурда, худ ва оилаамонро муҳофизат намоем. Баҳри самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин  ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки дар ин шабу рӯзи мусоид  кишту корӣ зироатҳоро ба роҳ монда, барои таъмини зиндагии худ ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар заминаи ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз таҷрибаи баланди деҳқонони асил ва тарзу усулҳои муосири кишту кор ба таври васеъ истифода намоянд.

Ҳамчунин, ба сокинони ноҳия зимни вохӯриҳо варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дастрас карда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg