БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТРО ДАР МУСИБАТ БИШНОС! ПАС КАБИРИВУ ҲАМСАФОНАШ КИСТАНД?

ВОКУНИШ. Соли 2020 барои инсоният ба таври ғайричашмдошт вируси наверо бо номи коронавирус пеш овард, ки назираш дар чанд асри охир ангуштшумор аст. Барои ин беморӣ на сад вуҷуд дораду на сарҳад. Аз ин рӯ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ онро пандемия эълон намуд. Ин беморӣ инсониятро маҷбур бар он кард, ки фаъолияту рӯзгори худро бознигарӣ намуда, аз рӯйи фаҳмишу принсипи нав-эмин мондан аз марг ва муҳофизати худу атрофиён аз мубталои ин беморӣ ба роҳ монанд.

Ин вазъияти вахим сиёсатмадорони саршиноси ҷаҳонро ба муваққатан даст кашидан аз мавқею пиндорҳои сиёсиашон ва саҳм гузоштан дар пешгириву табобати ин беморӣ маҷбур намуд. Тавассути шабакаҳои телевизионии дохилию хориҷӣ медидем, ки дар ин ё он давлат ҳар нафаре, ки воқеан дар вуҷудаш заррае аз ҷавҳари инсонӣ дорад, талош мекард тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ одамонро аз роҳҳои пешгирии беморӣ огоҳ созанд ва ё ҳадди аќал бо таманниёти нек, суханони самимӣ, ҳатто мусиқинавозию сурудхонӣ аз айвонҳои хонаҳояшон ҳамватанони карантиншудаву ба таҳлука афтодаашонро руҳбаланд месохтанд.

Ҳамоно ба ғайри гурӯҳи фурсатталаби умре гурезаю паноҳанда ва зери дасти манфиатҷӯён вомонда гурӯҳи бо ном оппозитсияи тоҷик, ки ба сиёҳ кардани сохти конститутсионӣ ва ба воҳима афкандани мардуми кишвари мо машғуланд. Пастии фитрати ин гурӯҳро бо роҳбарии Кабирии хоин (худи ӯ низ мегӯяд шояд хоин ном барандамон) барои мо чизи нав нест, вале аз фоҷиаи ба сари мардуми тамоми рӯйи дунё омада истифода бурдану гузашта аз он бо воҳимапардозию  муболиғаҳои бепоя кӯшиши безобита кардани ҳамватанон тамоми ҳудуду сарҳадҳои инсониро убур намуд.

Кабириву думравонаш пеш аз пода чанг бардоштагӣ барин ҳанӯз як моҳ қабл, вақте ягон нишонаи ин беморӣ дар мо ба қайд гирифта нашуда буд, мавҷуд будани ин бемориро дар Тоҷикистон изҳор медоштанд ва талош мекарданд бо ҳар роҳе нобоварии мардумро ба хабарҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд биёранд. Дар ин самт сомонаҳои иҷтимоии Озодӣ ва Ахбор, ин ёрдамчиёни беминнати наҳзатиён низ дастбакор шуда, чун ҳамешагӣ бо истифода аз «манбаи номаълум» ба оташи фурӯзонкардаи онҳо равған рехтанӣ мешуданд.

30 апрел ба қайд гирифта шудани аввалин беморон бо нишонаи ин беморӣ дар ҷумҳурии мо расман эълон гардид. Кабириву ҳаммаслаконаш табли шодӣ заданд, вале воқеаи рӯзҳои баъдӣ тавре рӯй дод, ки онҳо умуман чашмдораш набуданд. Мардуми тоҷик ба кӯча баромада, норозигӣ накарданду «истеъфо» ҳам нагуфтанд, чуноне ки Кабирӣ мефаҳмонд, балки даст ба дасти ҳам дода, нисбати якдигар дилсӯзу меҳрубонтар гардиданд. Боз ҳам чун солҳо қабл дар иттиҳоду ҳамбастагӣ акнун бар зидди паҳншавии ин беморӣ мубориза оғоз карданд. Албатта, наметавон он ҳама ташаббусҳоеро, ки мардуми мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон дар як муддати кӯтоҳ нишон доданд, ин ҷо зикр намуд. Вале боз ҳам барои хато нафаҳмидани ин мавзӯъ зикр менамоям, ки соҳаи тандурустии кишвар фориғбол набуданд, чуноне ки мухолифини хӯрдагири мо тасвир мекарданд, балки барои мубориза бо пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ омодагии хуб доштанду доранд. Шифо ёфтану ба хонаҳо рафтани шумораи зиёди беморони мубталошуда нишонаи фаъолияти натиҷабахши кормандони ин соҳа аст.

Акнун вақти мушоҳидаи ин тӯдаи бенангу номус аст, ки бояд бубинанд. Бубинанду дар вуҷудашон эҳсос кунанд, ки ин мардуму ин миллатро, ки баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён асрҳо зери асорати муғулу турку тозиву манғит зиндагӣ кард, азобу машаққати муздуриву ғуломии аҷнабиёнро кашида, бо хунрезиву синасипаркуниҳои фарзандони фарзонааш акнун соҳиби Истиқлолияту марзу буми хеш гаштааст, дигар парешон кардан нашояд. Дар чунин рӯзҳои барои тамоми инсоният мушкилу маргбор чунин мавқеъгирӣ на хоси мухолифони як ҳукумат аст, балки нишонаи муқобили ҳастии як миллат будан аст! Гузаштагони бофарҳанги мо беҳуда нагуфтаанд: Аввал андеша, баъд гуфтор. Ё ҷойи дигар таъкид кардаанд: Дӯстро дар мусибат бишнос! Акнун худи Кабирӣ, саркардаву мухолиф бояд ҷавоб бигӯяд, ки дар рафтори худу чеҳраи худ киро мебинад? Дӯст ё душмани миллатро?

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg