БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ТАБИБОНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРЕМ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Мо табибони худро танҳо намегузорем!» бо табибону кормандони Беморхонаи №2 ва  Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Доғистон вохӯрӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат масъулин миннатдории Роҳбарияти ҳизб ва Ҳукумати мамлакатро ба табибону кормандони беморхона расонида, таъкид сохтанд, ки  имрӯзҳо  дар саросари олам дар баробари босуръат паҳн гардидани пандемияи короновирус нақши табибон бағоят бузург аст. Табибони тоҷик низ бо руҳияи худогоҳиву инсонпарвариашон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳазорон сироятёфтагонро наҷот бахшида, саҳми хешро дар беҳдошти ҳифзи саломатии ҳамватанон гузошта истодаанд, ки ин шоистаи таҳсину офарин аст. Дар рафти чорабинӣ  масъулин бо усули «хона ба хона» ба беш аз 15 оилаҳои ниёзманди  деҳаи Доғистон зиёда аз 50 дона ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас  намуда, сокинонро ба риояи ҳатмии гигенаи шахсӣ таъкид сохтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg