ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат”-и Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз вохӯрию суҳбатҳо оид ба ободонии деҳаю маҳаллаҳо бахшида ба пешвозгирии ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин доир гардид. Намояндагони ҳизбӣ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” таъкид карданд, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Аз ин хотир моро зарур аст, аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ васеъ истифода бурда, худ ва дигаронро аз ин бемории хатарнок эҳтиёт намоем.