БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВОСИТАИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф оварда, дар Беморхонаи марказии ноҳия бо  сардухтури Беморхонаи марказӣ З. Ҷаҳонгирзода ва мудирони шуъбаҳои беморхонаи мазкур мулоқоти судманд доир намуд.

Дар вохӯрӣ, инчунин Дилафрӯзи Абдулло раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шарофзода Ҳомидҷон, узви ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо ва дигар шахсони даъватӣ ҳамроҳӣ намуданд.  Зимнан Дилафрӯзи Абдулло ба сухан баромада, дар бораи   пешгирӣ аз бемории сироятии  (COVID - 19) коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки нақши кормандони соҳаи тандурустӣ дар давраи  басо ҳассосу мушкил беназир мебошад. Онҳо бо дастони шифобахши  худ ҳазорон нафар беморонро дармон бахшидаанд. Аз ин хотир Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тибро шоистаи таҳсин хонда,  ба табибони шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳия  кумак ва туҳфаҳои таъсисдодаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  супорида шуд. 

Сипас, Дилафрӯзи Абдулло ва дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ ба маҳаллаи ба номи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ҷалби ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб   бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самараноки истифода бурдани қитъаи  замин  варақаҳои иттилоотӣ, муроҷиатномаи ҲХДТ-ро дастрас карда, таъкид намуданд, ки ба ҳар гуна овозаҳои бесару садо бовар накарда, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳалро хуб ба роҳ монанд, то ин ки ҳар чи зуддтар ин бемории  сироятӣ наҷот ёбанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg