
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Лолазор 4-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо раиси деҳа ва ҳамшираи бунгоҳи саломатӣ бо бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида, ба сокинон барои риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳои судманд дода шуд. Инчунин, дар ин раванд ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуда, оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ маслиҳатҳо дода шуд.