БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРИЮ ҲАММАСЛАКОНАШ ДАР ФИКРУ АНДЕШАИ АМНИЯТУ ОСОИШТАГИИ МИЛЛАТУ ВАТАНИ АЗИЗАМОН НЕСТАНД!!!

ВОКУНИШ. Имрӯз  ҷаҳони  муосир  якҷо  шуда,  бо  вабои  аср, вируси  корона муборизаи  дастаҷамъона  мебаранд.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳам, чун  як  узви  ҷомеаи  ҷаҳонӣ дар  робита ба ҳифзи солимии ҷомеа ва бобати пешгирӣ аз ин вабо чораҳои лозимию зарурӣ  андешидаву  корҳоро  дар  ин  самт  давра  ба  давра пурзӯр менамояд.

Огоҳем, ки қариб ҳама кишварҳои сироятёфта аз ин вируси корона маҷбур  шуданд, ки  ба  хотири  пешгирӣ  аз  паҳншавии  вабои  аср карантини сартосарӣ  эълон  намоянду ба буҷаи давлат, ки бевосита боз ҳам барои   беҳдошти   зиндагии ин миллату давлат  нигаронида мешавад, таъсири ниҳоят  манфӣ  расонидааст ва ҳамчунон буданд, давлатҳое,ки тадриҷан  аз  ин тарзи  мубориза  бо  коронавирус  даст  кашидаву  давра  ба давра  бо  нигоҳ  доштани  риояи  ҳатмии  қоидаҳои  санитариву гигиенӣ  аз ҳолатҳои бавуқуъомада раҳоӣ  ёбанд.

Мусаллам аст, ки чунин рӯйдоду ҳаводисҳои ҷаҳонӣ хоҳу нохоҳ ба буҷетҳои кишварҳо таъсири манфии худро ҷиддӣ  мерасонад.

Дар  баробари  ҳамаи  ин, вазъи ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҳамаи муҳоҷирони  меҳнатӣ, аз  ҷумла  муҳоҷирони  муваққатии  ҳаммиллатони  мо дар  Федератсияи Русия  якбора  бад  шудаву  даромади  миёнаи  муҳоҷирони  тоҷик, ки  қисми бештари ММД-ии  кишварро таъмин намудаву оилаҳои худро аз ҷиҳати молиявӣ  дастгирӣ  мекарданд, дар  ин  шабу рӯз коҳиш ёфтаву ба вазъи  иҷтимоию   иқтисодии  ҳам  Ватану  ҳам  оилаҳои  муҳоҷирин  таъсири манфӣ  расонида  истодааст.

Ба  андешаи  ман,  ҳамчун  як  шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин  аст, ки  дар  ин  шабу  рӯз  ҳамаи  ҳамватанон  новобаста аз маҳаллу миллатамон  ҳамчун  тоҷикистонӣ  ва  новобаста  аз  ақидаҳои  сиёсию ҳизбӣ ҳама  сарҷамъ  бошему  даст  ба  дасти  ҳамдигар  дода, баҳри  ҳифзи  миллату  давлатамон,   нигоҳдошти   саломатии   сокинони  Ватанамон  талош  варзем. 

Чунки дунёро накӯ бингарӣ, ҳама панд асту дар ин ҳолати ба вуҷудомада ҳама мухолифони ҳатто давлатҳои тараққикарда якҷо шуда, сокинони  мамлакаташонро  аз  ин  вартаи ҳалокатбор берун оварданд.

Ин  ҳолате  аст, ки  касе, ки  набошем, ҳама  бояд  як  миллату  ҳамватан  шавему  китф  ба  китфи  якдигар  истода то дастгирии қишрҳои поёнӣ алайҳи  ин  вабо муқовимат намоем, зеро:

Аз арши Илоҳӣ ба замин о,

Ин ҷост рисолати ту ин дам.

Садҳо  афсӯс, ки  бархе  дар  нохунак   ҳаммиллатони мо таҳти роҳбарии  як  хоину  мазҳабфурӯш- Кабирӣ  ном  “дилсӯзи  миллат”  аз вазъияти  мушкиломада ба  ҷои  кумаку  дастгирии  ҳаммиллатон барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноконаи хеш сӯйистифода намуда, бо роҳҳои иғвоангезию даъватҳои зидди конститутсионӣ мардум, алалхусус ҳамватанони  муҳоҷирамонро муқобили миллату давлат  ба ҷанг даъват  карда  истодаанд. 

Барҳақ овардаанд, ки “ Ҳеҷ  миллате  ғулом  шуда  наметавонад, агар дар байни он мардуми  ғаддор набошад. Зеро табар бидуни даста дарахтро қатъ карда наметавонад ва даста зодаи дарахт аст”.

Бале,  садҳо афсӯс, ки Кабирии хоину мазҳабфурӯш зодаи миллати мосту имрӯз ҳамчун зархарид ба хоҷагони хориҷии худ хизмат карда, ҳадафҳои ниҳоиашон ҳамон аст, ки миллати тоҷикро ғуломи аҷнабиён гардонанду мазҳаби моро зери фишори шиамазҳабҳо қарор диҳанд.

Мудом  мегуфтанду  мегуфтем, ки  Кабирию  ҳаммаслаконаш  дар фикру андешаи амнияту осоиштагии  миллату Ватани азизамон нестанд!

Марҳамат, худ бо чашмони худ дидаву бо гӯшҳои худ шунавед, ки Кабирӣ тариқи шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунад. 

Боварӣ ба мардуми бедор ва  зираку ҳушёри кишварамон,  махсусан ҳаммиллатону  ҳамватанони  берунмарзиамон дорем, ки боз ҳам тири ин қабил хоинону душманони миллату давлат хок хоҳад хӯрд.

Зеро  ҳамеша  ҳамватанони  азизу  маҳбуби  мо, куҷое, ки  набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ  намуда,  ба  зиндагию  кори  худ  идома  дода,  ба  иғвоҳои хоинону мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ  ва  ифротиён  набояд дода шавем.

Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, узви ҷомеаи ҷаҳонии СММ  садо  баланд  намуда,  аз мардум даъват  ба  амал  меорам, ки ба  иғвою  дасисаҳои  Кабирию пайравонашон дода нашуда, амнияту осоиштагии миллату давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро устуворона пуштибонӣ намоянд, зеро фаъолияту ҳадафҳои  асосии ин асолатбохтагон гумроҳ сохтани халқ ва аз байн бурдани сохти конститутсионист. Лозим ба қайд аст, ки фаъолияти  ҳизбу ҳаракатҳои  бо  асосҳои  қонунӣ  ва  ҳукми Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  ташкилотҳои  террористию  экстремистӣ  ва  ифротӣ  эълоншуда дар  арсаи ҷаҳонӣ бояд мамнуъ эълон карда шавад.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg