БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС БО ИСТЕҲСОЛУ ИСТЕЪМОЛИ ҒИЗОИ СОЛИМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ихтиёриёну аъзои намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар деҳаҳои Яккатут ва ба номи Мирзо Турсунзодаи  Ҷамоати деҳоти Яккатут  бо   усули “хона ба хона” ба роҳ монда шуд.

Дар вохӯрии мазкур суҳбатҳо бо сокинон дар бораи  муқовимат баҳри пешгирии паҳншавии шадиди бемории коронавирус, ки имрӯзҳо дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон мо мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, инчунин оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, ба роҳ мондани кишти зироатҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мардум манфиатовар ва  аз ҷиҳати тиббӣ ҳамчун ғизои солим маҳсуб меёбанд, роҳандозӣ гардид.

Намояндагони ҳизб бо аъзои оилаи шаҳрвандон оид ба риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, истифодаи маводҳои безарраргардонӣ, аз ҷумла маҳлулҳои гуногуни хлордор дар ҳавлию манзилҳои истиқоматӣ ва ҳаммому ҳоҷатхонаҳо, ҳамеша тозаю тамиз кардани хонаву манзили хеш ва тез-тез тоза кардани ҳавои хонаҳо суҳбатҳои муфид гузарониданд.  

Дар баробари ин, ба сокинони маҳаллаҳо варақаҳои иттилоотӣ бо расму аломатҳои пешгирикунандаи коронавирус, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳия ва дастрас гардидааст, барои ғанӣ гардонидани маърифати тиббию эпидемиологии мардум ба онҳо дастрас карда шуд.     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg