БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ корҳои оммафаҳмониро аз рӯи усули "хона ба хона" баргузор намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ масъулин доир ба роҳҳои гузариши бемории коронавирус ва пешгирӣ аз онро муфассал гуфта доданд ва ҳамчунин баъзе тавсияҳои судмандро аз нуктаҳои асосии Муроҷиатномаи ҲХДТ ва мутахассисони соҳаи тиб низ таъкид карданд. Гузашта аз ин ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории "СОVIД-19" ва ҳамчунин ба оилаҳои ниёзманд бошад, ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg