
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии «КОВИД-19» ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро дар байни сокинон бо усули «хона ба хона» идома дода, риояи гигиенаи шахсӣ ва риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, ки яке аз тадбирҳое муҳим дар пешгирӣ аз ин беморӣ мебошад, ба ҳар як сокини ноҳия фаҳмонида истодаанд.
Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир фаҳмонида истодаанд.
Аъзои гурӯҳи корӣ дар деҳаи Муротеппа 1-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбиро баргузор намуда, ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро фаҳмонида, барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявӣ, Муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои муҳофизатиро дастрас намуданд.