БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУСЕЛИ НАВБАТИИ СИҲАТШУДАГОН АЗ БЕМОРХОНА

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Як  гурӯҳ  маризони  сироятёфта  аз бемории  коронавирус дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бинобар   табобат  ёфтанашон  аз  Беморхонаи  марказии  ноҳия ба  хонаҳояшон   гуселонида шуданд.

Беморхонаи  марказии  ноҳия  бо  тасдиқ   гардидани  мавҷудияти  бемории  сироятии  коронавирус  дар  Тоҷикистон  барои  қабул  ва  муолиҷаи   гирифторшудагони  ин вирус  омодагии ҳамаҷониба гирифта, бо шароити  зарурӣ ва  мутахассисони  касбӣ  таъмин  карда  шуд.

Дар  давоми  ҳафтаи  сипаришуда  дар  беморхона  12  нафар  бо нишонаҳои  коронавирус  бистарӣ  гардида буданд, ки  дар муҳлати  ду  ҳафта   аз  ин  шумора 5 нафарашон  табобат  ёфта,  ба  хонаҳояшон  гусел  карда шуданд. Қайд  кардан  бамаврид  аст, ки  Беморхонаи  марказии  ноҳия бо  шароитҳои хубу замонавии табобатӣ  ва  духтурони соҳибтаҷриба  таъмин  буда, бо  дастгирии  шахсони  саховатпеша, раисони хоҷагиҳои  деҳқонӣ ва  роҳбарону  кормандони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  бо  маводи  хӯрока ва  дорувориҳо таъмин гардида  истодааст.

Дар  маросими  гусели  табобатшудагон  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  Сураё    иштирок  намуда,  ба табибон, ки  имрӯзҳо барои  саломатии  мардум шабонарӯзӣ  заҳмат кашида  истодаанд, изҳори  миннатдорӣ баён  намуда, ба  табобатёфтагон ниқобҳо  ва гулдастаҳо  тақдим  карда, ба онҳо  саломатии бардавомро  орзунамуд. Сипас, бо   тариқи  мошини  ёрии  таъҷилӣ  шифоёфтагон  ба  хонаҳояшон гусел карда  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg