
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №28 Қурбони Алимардон дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон 100 адад либоси махсуси тиббӣ (скафандра), барои безараргардонӣ 100 литр маҳлули гипохлориди натрий ва 500 дона ниқобҳои муҳофизавӣ кумак расонида шуд.