БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАҲОӢ АЗ КОРОНАВИРУС МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо фаъолияти аъзои гурӯҳи таблғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Ховалинг, ки ба он дар баробари кормандони Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар фаъолони ҳизб дохиланд, дар деҳаи Сияҳкуртаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” ҷиҳати фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус гузаронида шуд.  Дар суҳбат масъулин ба таври алоҳидагӣ ба ҳар як аъзои оила фаҳмониданд, ки барои сироят наёфтан кадом амалҳо мамнуъ аст. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ба кӯча танҳо дар сурати зарурӣ бароянд, дастони худро мунтазам бо собун шӯянд, гулӯву биниро бо намакоб чайқонанд, ба кӯча бо ниқоб бароянд, ҳангоми суҳбат бо дигарон то 2 метр масофа аз ҳамдигар дур истанд, ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд.

Ба иштирокдорони суҳбат варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дастрас карда шуд, ки аз ин дастгирӣ сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg