БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН МАНБАИ ДАРОМАД АСТ, ПАС ОНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМО!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Чунин буд мавзӯи суҳбате, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо заминистифодабарандагон гузарониданд.

Соли ҷорӣ дар натиҷаи боришоти пай дар пай мардум имкон пайдо нанамуд, ки кишти сабзавот, картошка ва дигар зироатҳоро сари вақт гузаронанд. Ҳоло ҳам заминҳои   истифоданашуда ба чашм расида истодааст. Ба бошандагони манзилҳо фаҳмонида шуд, ки заминҳоро холӣ нагузоранд,  ҳар ваҷаби онро самаранок истифода баранд. Самаранок истифода намудани замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ метавонад, ба буҷаи оила фоидаи бештар орад.

Дар ин рӯз бо фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  чунин суҳбатҳо  ба бештар аз 33 сокинони хонаҳо гузаронида шуд.  Аз суҳбатҳои доирнамуда бармеояд, ки мардум аллакай душвории дарпешистодаро ҳис намуда, дар заминҳои наздиҳавлигиашон тамоми намуди маҳсулоти кишоварзишро кишту парвариш намуда истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg