ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар Маҳаллаи №6-и Ҷамоати шаҳраки Совет бо усули “хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва волонтёрон баргузор гардид.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон дар бораи пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқи замин, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, сокинонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва тарғиби тарзи ҳати солим раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон, тавассути волонтёрҳо ба иштирокчиён се намуд варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо вобаста ба пешгирии бемории сироятӣ коронавирус (COVID – 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.