ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Маҳаллаи №7 - и Ҷамоати шаҳраки Совет бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва волонтёрон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқи замин, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, сокинонро ба поккориву озодагии маҳал раҳнамоӣ намуд
Ҳамзамон, тавассути волонтёрҳо ба иштирокчиён се намуд варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо вобаста ба пешгирии бемории сироятӣ коронавирус (COVID – 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.